
ҶАЙҲУН. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар пайрави аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аёдату дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба дидорбинии маъюби гурӯҳи якум Аёзов Юсуфҷон рафтанд.
Зимни аёдат аз вазъи саломатӣ ва зиндагии Аёзов Юсуфҷон аз наздик ошно гардида, ба номбурда маводҳои озуқаворӣ, аз қаби орд, равған ва ғайраҳо кумак расониданд.
Ёдовар мешавем, ки Аёзов Юсуфҷон ҷавони 27 сола буда, соли 2014 дар яке аз мусобиқаҳои аспсаворӣ аз асп афтида, зарари ҷисмонӣ мебардорад.