БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МОНЕАИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъшаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд. Бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби ашхоси муайян кам нестанд.

Як нуктаи муҳимро қайд карданиям, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти олии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилотҳои коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста,  як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ шудаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёми худ доир ба мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидоштаро яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф намуда, зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин зикр намуданд, ки “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад”. Ё дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 24 апрели соли 2010 ёдовар шуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад” Дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намудаанд, ки мо бояд бо ин падидаи номатлуб, муносибати оштинопазирро дар худ касб намуда, муқовимати беамонро пеш гирем, дар он вақт метавонем ба мақсадҳои зиддикоррупсионӣ ноил гардем. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия ҷоннок намоянд.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Гуреззода Давлат, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg