ВОСЕЪ. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар семоҳаи якуми соли 2021 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ, собиқадори ҳизб Қобилова Лола , аъзои Раёсат Мирзоев Сафар, вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроиябаргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз аксияҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Восеъ, баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор ширифтанд.
Зимни баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қарорҳои дахлдорро ба овоз гузошта, якдилона қарорҳо қабул карда шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ баромад намуда, дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Доир ба масъалаи 2-юми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Мирзоева Гулрухсор баромад намуда, ба ҳамаи шахсоне, ки дар давраи сипаригардида дар Аксяҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуда, даъват ба амал овард, ки дар оянда низ дар Аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ободиву пешравии диёрамон саҳми худро гузоранд.
Инчунин, оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, яъне баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ Мирзоев Сафаралӣ гузориши муфассал дод.
Ҷиҳати баррасии масъалаи чорум оиди тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизби мудири бахши омор- Иботов Диловар ҳисоботи худро пешкаши аҳли толор намуд.
Дар идомаи маҷлис Сафар Ҳафиза Раззоқ миннатдории худро ба аъзои фаъоли ноҳия, ки барои амалисозии ҳадафҳои ҳизб саҳмгузорӣ кардаанд, баён намуда, даъват ба амал овард, ки ба иғвову дассисаҳои душманони миллат дода нашуда, дар пешрафту ободонии диёрамон саҳми арзандаи хешро пайваста гузоранд.
Дар охири маҷлис ба 3 нафар ҷавонони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод карда буданд, бо тантана шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд ва ҳамзамон собиқадорон ва аъзои фаъоли ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.