БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлис доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ шунида шуд.

Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Саидзода Салоҳиддин иброз намуд, ки аъзои ташкилот дар баргузории чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта, ҳама бо як руҳияи баланд дар ин маъракаи муҳим иштироки фаъолона намуданд.

Дар анҷом масъулини Кумита оид ба банақшагирии дурусти буҷети маҳаллӣ ва шаффофияту адолатнокӣ дар сарфу харҷи буҷети маҳаллӣ сухан гуфта, ҳозиринро барои бо дасту дили пок адо намудани вазифаҳои хизматии худ ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин, дастури аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи молия ва татбиқи технологияи рақамӣ метавонад аз як тараф дар баланд гардидани сатҳи касбият ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо таъсири мусбӣ расонад, аз ҷониби дигар ба вуқуъ пайвастани амалҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд. Аз ин рў, биёед ҳар нафари мо-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки худро фарзанди содиқ ва бонангу ори Ватан мешуморем, суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору амали худ қарор дода, барои пешрафту нумуи Ватани азизамон-Тоҷикистон софдилонаву содиқона талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg