БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

ШАҲРИТУС. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар  Идораи Раёсати кишоварзии ноҳия бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ (раисони ташкилоту муасисса ва ҷамоатҳои деҳот) ва кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  иштирок дошта, дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Маҷлисро Шарофзода Ҳомидҷон кушода, иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Ба баррасии маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия, фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқ ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ пешниҳод гардида буданд.

Зимнан ҳисоботи семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шарофзода Ҳомидҷон шунида шуда, барои баррасии масъалаҳои мазкур бо ҷонибдории фаъолони ҳизб қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg