БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Activities calendar

29 Январ 2026

ОРАБИНИИ СОЛИНАВӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҳизбӣ, санаи 28 декабр дар Дидбонгоҳи сарҳадии «Даҳана»-и қисми ҳарбии 0341-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии идонаи солинавӣ баргузор гардид.

ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои он дар ҳаёти ҷомеа, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши фаъолони вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Паёми созанда ва кафили таъмини рушди босуботи кишвар» баргузор гардид.

ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

8 декабр дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16 декабри соли 2025 тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришу хабар ва роликҳо аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Таҳти ҳами унвон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Тоҷидин ва Маҳмадзода Ҷамшед сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир гардид.

РОҲПАЙМОИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз, 24 ноябр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ЛИВОИ МОСТ ЛИВОИ ХАЛҚ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар доираи баргузории силсила-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аксияи навбатии ҳизбӣ таҳти унвони «Ливои мост ливои халқ» доир гардид.

МОҲИЯТИ ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ МИЛЛӢ

Таҷлил намудани Рӯзи Президент аз падидаҳои омӯзандаи ҷомеа ва мамолики мутамаддин маҳсуб меёбад, ки инчунин як санаи сиёсиро бо мақсади арҷ гузоштан ба моҳияти таърихиву сиёсии шакли идоракунии президентӣ ва хизматҳои арзандаи фарзонафарзандони кишвари соҳибистиқлоли хеш, бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН – ИФТИХОРИ ҲИЗБИЁН

Халқи тоҷик ҳамчун миллати сарбаланд бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллӣ – Нишон, Парчам, Конститутсия ва Сурудии миллии худ гардид. Имрӯз 34 сол аст, ки халқи тоҷик соҳиби давлати мустақил ва кишвари обод мебошад. Дар таърихи ин халқи бузург бисёр санаҳои муҳим арзи вуҷуд намудаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост.

ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО»

Таҳти ҳамин унвон дар ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

“ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – НАҶОТБАХШУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ”

Санаи 13 ноябри соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия ба номи М.В. Ломоносов бахшида ба 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – наҷотбахшу тақдирсози миллат” баргузор гардид.

ПРЕЗИДЕНТИ МАН!

Имрӯз, 14 ноябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ зери унвони “Президенти ман!” доир гардид.

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ҳар ҷомеа, бахусус дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот ва мувозинати қувваҳои дар ҷамъият мавҷуда, инчунин таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи танҳо манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад.

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН— ТАШВИҚГАРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои бойи кишвар ва рушди саёҳаии дохилӣ, кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба шаҳри Норак сафар намуданд. Ин иқдом дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН— ТАШВИҚГАРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои бойи кишвар ва рушди саёҳаии дохилӣ, кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба шаҳри Норак сафар намуданд.

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН— ТАШВИҚГАРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои бойи кишвар ва рушди саёҳаии дохилӣ, кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба шаҳри Норак сафар намуданд. Ин иқдом дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ

Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини волоияти Конститутсия- заминаи рушди босуботи давлат» баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҳизбӣ ва аҳли омӯзгорону донишҷӯён сурат гирифт.

КОНСТИТУТСИЯ – РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

«Конститутсия бахтномаи миллат» таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбиро роҳандозӣ намуд.

ҲАШАРИ УМУМИҶУМҲУРИЯВИИ ҲИЗБИЁН ТАҲТИ УНВОНИ "БА КӮМАКИ МАРДИ ДЕҲҚОН МЕРАВЕМ"

Имрӯз таҳти ҳамин унвон, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумиҷумҳуривии пахтачинӣ баргузор гардид.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Санаи 4 октябр дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ-омили ҳастии миллат” баргузор гардид.

ДИДАН НАМУДАНИ КОРМАНДОНИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ МАРКАЗИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ БАЛҶУВОН

Бо мақсади суръати тоза бахшидан дар самти бунёдгузории инфрасохтори фарҳангиву сайёҳӣ ва дар ин замина рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ санаи 2-юми январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба тасвиб расида буд, ки дар доираи иҷроии ин санади муҳим дар кишварамон барномаву чорабиниҳои ҷадид рӯи кор омад.

МАЪЮБОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид менамоянд: “Ҳеҷ як фарди ҷомеа набояд худро танҳо эҳсос намояд” ва бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бештар ба қишри ниёзманди ҷомеа, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон равона гардидааст.

МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

7 октябр, дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ” мизи мудаввар доир гардид.

ҶАВОНОН БОЯД ТАШАББУСКОР БОШАНД!

Имрӯз, 30 октябр дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи вилоятии ҳизб курси омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.

ДАР ҶАЛАСА МАСЪАЛАҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

18 сентябр дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ҷаласа оид ба фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳаштмоҳаи соли 2025 ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ баргузор гардид.

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

22–юми сентябр дар Корхонаи Воҳиди Давлатии Бохтар-нақлиёти шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯдаки поягузори адабиёти тоҷику форс” баргузор гардид.

БОЗДИД АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ДАСТГИРӢ АЗ СОКИНОНИ МЕҲНАТДӮСТ

Нимаи дуюми 14 август Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Бохтар ва Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи “Ғайрат” - Баҳриддин Маҳмадраҳимов боздид намуданд.

БОЗДИД АЗ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНИ МАҲАЛЛАИ НАВОБОД

14 август дар доираи сафари корӣ Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Бохтар ва Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аз фаъолияти заминҳои наздиҳавлигии сокинон боздид ба амал оварданд.

САМАРАНОКӢ ДАР ИСТИФОДАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ – ГАРАВИ ФАРОВОНӢ

Имрӯз 14 август бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз он ва захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон, Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Б

МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №11 БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОМОДААСТ

14 август пас аз анҷоми Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Бохтар ва Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ш

ҲИЗБИЁНИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД

14 август дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО РОҲБАРОНИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА КИШОВАРЗОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУГАРАКИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тавсеаи корҳои идеологӣ вохӯрии навбатии Абдуллозода Умеда - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Неъматзода Фарзона - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва дигар меҳмонон бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишова

БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Осорхонаи Мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид ба амал оварданд.

ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ ВА ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

6 августи солӣ ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ҳамоиши ҳизбиёни ноҳия бахшида ба қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.

НАСБИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат,Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲҲДТсанаи 17 июли соли 2025, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод чорабинии ҳизбии насби Парчами миллӣ баргузор шуд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg