Санаи 13 ноябри соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия ба номи М.В. Ломоносов бахшида ба 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент Конференсияи илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – наҷотбахшу тақдирсози миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Маҳмудов Давлатшо – омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳалилзода Давлаталӣ – мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, Ташрифзода Амирали Сафаралӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳният намуда, иброз намуд, ки ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Зимни суханронии меҳмонон қайд гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ум то 30-юми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи "Иҷлосияи тақдирсоз" маъруф аст. Ин иҷлосия дар марҳилаи бисёр ҳассосу печидаи таърихии миллат баргузор шуда, барои ҳифзи якпорчагӣ, сулҳ ва поягузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон заминаи муҳимму устувор фароҳам овард.
Соли 1992 Тоҷикистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ҳукумат бесубот, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ноором ва мардум нигарон буданд.
Дар чунин вазъ баргузории иҷлосия барои муайян сохтани роҳи минбаъдаи кишвар ва хурӯҷи он аз буҳрони шадид зарур буд. Қарорҳое, ки дар иҷлосия қабул гардиданд, ҳама сарнавиштсоз буданд. Дар Иҷлосия роҳбари ҷавону умедбахш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, ки суханони аввалини эшон ҳамчун раҳнамо ва рамзи ваҳдат дар таърихи кишвар сабт гардид: Ман ба Шумо сулҳ меорам!».
Маҳз дар ҳамин иҷлосия воҳидии миллӣ, сулҳи шаҳрвандӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатдорӣ ва бунёди низоми конститутсионӣ роҳандозӣ гардиданд.
Бо шарофати қарорҳои қабулшуда дар Иҷлосия Тоҷикистони мо марҳилаи навро дар таърихи худ оғоз кард – марҳилаи сулҳ, ваҳдат ва пешрафт. Қонуният барқарор гардид ва роҳи мустаҳкам барои таъсиси сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати миллӣ гузошта шуд.
Ҳамин тавр бо садо додани суруди миллӣ Конференсия ҳусни анҷом пазируфта, дар интиҳои кори он ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаи ҳизб саҳм гузоштаанд ба муносибати 33 – юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар тақдим карда шуд.


















