
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Осорхонаи Мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид бо таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти осорхона ва маводи муаррифишавандаи ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат аз наздик шинос шуда, нақши муассир ва тарбиявии осорхонаро дар тарғиби арзишҳои миллӣ ва сиёсати давлатдорӣ таъкид намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни боздид аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Осорхона маҷмӯи китобҳои ҳизбӣ, ки ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти Пешвои миллат ва ҳадафҳои стратегӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бар мегиранд, тақдим карда шуд.


















