БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН— ТАШВИҚГАРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ЗЕРИ ШИОРИ “ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО”

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи захираҳои бойи кишвар ва рушди саёҳаии дохилӣ, кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ба шаҳри Норак сафар намуданд. Ин иқдом дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар доираи сафар ҳамоиши ҳизбиён бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуда, сокинони шаҳри Норак ва фаъолони ҳизбиро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфта, таъкид карданд, ки Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз заминаи асосии давлатдории навин буда, нақши ҳалкунанда дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода қайд намуд, ки имрӯз шаҳри Норак ба таври назаррас рушд карда, симои шаҳру деҳот дигаргун шуда истодааст. Дар баробари рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаи сайёҳӣ низ рушд ёфта, маконҳои ҷолибу таърихӣ ва табиати зебои шаҳр ба як самти муҳими ҷалби сайёҳон табдил ёфтааст. Ин ҳама дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи ин сафар фаъолони Ҳизб аз маконҳои таърихӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Норак ва ҶДММ "Боғи анор" дидан намуданд.

Ин ташаббус бо мақсади боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва шинохти захираҳои табииву фарҳангии кишвар амалӣ гардида, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, чунин саёҳати дохилиро таҳти шиори “Ҷаҳонгардиро аз Ватангардӣ оғоз намо!”дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома диҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg