
Имрӯз таҳти ҳамин унвон, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумиҷумҳуривии пахтачинӣ баргузор гардид.
Дар ҳашари умумиҷумҳуриявии пахтачинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, масъулони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан", ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб иштирок намуда, дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳмгузор шуданд.
Ҳамзамон, ҳашари умумиҷумҳуриявии пахтачинӣ дар тамоми ш
аҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, зиёда аз 70 ҳазор аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта иштирок намуданд.
Ҳадаф — дастгирии меҳнаткашони деҳқон, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва идомаи суннати зебои ҳамдигаркумаккунӣ мебошад.


















