
8 декабр дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Зарина Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатл
он, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Афзал Юсуфзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Аҳмадҷон Ализода, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовинони раис, кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҳизбиёнро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош гуфт. Аз ҷумла қайд кард, ки 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, ин санаи муборак барои тамоми ҳизбиён гиромӣ мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар солу замоне ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки дар кишвар раванди таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва маф
курасозии ҷомеа дар руҳияи барқарорсозии пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон ҷараёни музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа оғоз гардида буд.
Таҷрибаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдгароӣ ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ, ки аз эҳсоси баланди масъулиятшиносиву зарфиятҳои зеҳнии аъзо ва ҷонибдорони он сарчашма мегирад, асоси муваффақиятҳои ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи созандгиву бунёдкориҳо ва рушду нумуи Тоҷикистони азиз гардидааст.
Имрӯз ҳизбиёни вилояти Хатлон дар радифи масъулиятҳои муҳими идоравӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора бо иқдомҳои навоваронаву ташаббусҳои ояндасоз дар рушду пешрафти ҷомеа, таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Сипас, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон зимни баромади хеш ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, хосса раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ин санаи мубораки таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли кишвар буда, аз умқи тафаккури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” талош меварзад.
Хушбахтона, имрӯз дар заминаи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати комил ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вилояти Хатлон
бо талошу заҳматҳои сокинону ҳизбиёни шарафманд ба сӯи комёбиҳои беназир гомҳои устувор гузошта истодаанд. Ташаббусҳои ҳизбӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят хеле назаррас арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намоям, ки дар ҳамин шабонарӯзии танқисии таъминоти барқ ба сокинон бояд вазъиятро дуруст дарк намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба ҳолати воқеаӣ, аз ҳад зиёд кам гардидани резиши об ба маҷрои дарёи Вахш, паст кардидани сатҳи обанбори Норак ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Вазъияти мазкур новобаста сохторҳои давлатӣ буда, тағйирёбии иқлими минтақа вобастагӣ дорад, илова кард Абдусаломзода Анзурат.
Зимнан, Зарина Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сараввал паёми табрикии муовини якуми раиси муаззами ҲХДТ Неъматзода Маликшо ба ҳизбиёни вилояти Хатлон расонида, таманои неки роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ-ро ёдовар шуданд. Давлатзода Зарина дар идома иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин давра ба натиҷаҳои муайян ноил гардидааст. Мақсади асосии ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷиҳати таҳкими давлати соибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва ташаккули тафаккури миллӣ равона карда шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳизбҳои пешоҳанги ҷомеа буда, имрӯз ба як неруи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самту соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бузургу барҷаста
мебошад.
Афзал Юсуфзода, муовини раиси шаҳри Бохтар ва Аҳмадҷон Ализода, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба моҳияту тавонмандӣ ва ташаббусҳои наҷиби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуда, ҳозиринро ба 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрик намуданд.


















