
Имрӯз, 24 ноябр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид.
Ин чорабинии сатҳи баланд, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад, бар ҷараёни арҷгузорӣ ба яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатӣ -Парчами миллӣ равшанӣ бахшид.
Дар роҳпаймоӣ Анзурат Абдусаломзода, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Тибқи иттилои масъулон, дар ин чорабинӣ беш аз 50 ҳазор нафар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, донишҷӯёну хонандагон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ, садҳо ҷавонони соҳибистеъдод ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо баланд бардоштани парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои тарғибкунандаи арзишҳои миллӣ аз хиёбони «Ваҳдат» то саҳни майдони Парчами давлатӣ ҳаракат намуданд. Ин манзараи бошукӯҳ рамзи ваҳдат, худшиносӣ ва муҳаббати бепоёни мардум ба рамзҳои давлатӣ буд.
Пас аз анҷоми роҳп
аймоӣ дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, аз номи узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт.
Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муҳимтарини давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ мақоми хоса дошта, рангу нишонаҳои он аз таъриху тамаддуни қадимаи миллат сарчашма мегиранд. Ранги сурх далериву ҷасорат, ранги сафед покиву ростӣ ва ранги сабз рушд, сабзиш ва ободиро ифода менамоянд. Тоҷи заррин бо ҳафт ситора бошад, рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ормонҳои олии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳангии идона баргузор гардида, аз ҷониби сарояндагони хушовоз сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳои тараннумкунандаи П
арчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардиданд, ки ба чорабинӣ руҳи баланди меҳанпарастӣ бахшид.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”


















