ВАХШ. Бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, мулоқоти номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Вахш-32» баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳамдов, шахсонии боэътимоди номзадҳо муаррифӣ гардида, ба интихобкунандагон гуфта шуд. Шахси боэътимоди номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш-32” фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии Абдусаломзода Мунаввараро баррасӣ намуда, қайд кард ки дар самти мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи омӯзгор дар ҷомеа изҳори ақида намуда, дар Барномаи пешазинтихоботии ў яке аз самтҳои асосӣ ҳисобида шуд.