ҚУБОДИЁН. Бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддин Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ва шахси боэътимоди номзад Усмонов Бурҳон муаррифӣ гардида, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба таври мушаххас дар самти мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани обрӯву нуфузи омӯзгор дар ҷомеа ба дарки интихобкунандагон расонида шуд.