БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 Январ 2022

КӮР БОД ЧАШМИ ДУШМАНОНИ ТОҶИКИСТОН!

ВОКУНИШ. Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуд ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд кардааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва дар тӯли таърихи гузаштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст.

ТАРҒИБИ НУКТАҲОИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

Ш.ШОҲИН. Дирӯз бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи ичроия дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» бо  кормандони муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА ЗАХИРАИ ДУСОЛА ДАР ҲАР ЯК ОИЛА

ДӮСТӢ.  Аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи Бойтор"-ӣ суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.  

БЕҲТАРИН ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

АНДЕША. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзо созмон ёфта, аз тарафи Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, зимни ироаи он дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми бошарафи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Мисли ҳарвақта масъалаи зан-модар мавриди таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор гирифт. Дар ин маврид Роҳбари давлат иброз доштанд, ки соҳае нест, ки нақши занон дар он мушоҳида нашавад.

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ

АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ВАКИЛОН ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ БУЗУРГИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

АНДЕША. Гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳон, имрўзҳо амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Муссалам аст, ки чанд рӯзи охир бархурд ва нофаҳмоиҳое дар минтақаи кӯҳии Бадахшон ба амал омада, гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз ин истифода намуда, ҷавонони дохил ва хориҷи кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумоти бардурӯғ гумроҳ месозанд.

ҶАВОНОН ДОРОИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ МЕБОШАНД

ПАНҶ.  Тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №10-и деҳаи 16-солагии Истиқлолият ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдин ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ПАЁМ БА БЕҲТАР ШУДАНИИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

НОРАК. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” вохӯрӣ  баргузор гардид.

ОМӮЗИШИ ПАЁМ БО СОКИНОН

МУЪМИНОБОД. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки зиёда аз 180 нафар фаъолону сокинон  вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти мамлакат вохӯрии судманд доир карда шуд.

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати ободу зебо гардонидании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо ҷалби кормандони фаъоли ташкилоту корхонаҳо дар кӯчаи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.

ПАЁМИ ТАҲКИМБАХШ ДАР РУШДИ КИШВАР

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов" вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ доир гардид.   

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВАЗИФАИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон,  муовини якуми раиси ноҳия Ибодуллозода Асадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов, раиси ҷамоати  шаҳраки 20-солаии Истиқлолияти давлатӣ  Раҷаббек Абдуллоев ва якчанд раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати мазкур ҳашари шинонидани картошка доир гардид.  

АЗ КОРОНАВИРУС ХУДРО ҲИФЗ НАМО!

ДАНҒАРА. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории КОВИД  - 19 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо кормандони тиббии  КАТС,  аҳолии ноҳияро ба гирифтани ваксинаи зидди беморӣ раҳнамоӣ карданд.

ПАЁМ - РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГӢ

ДАНҒАРА.  Дар ҷамоати деҳоти Себистон дар деҳаи Шаршар,  бо фаъолони ҳизб вохӯрӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи   Паём  барпо гардид.

ЭЙ КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Себистони деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

КӮРНАМАКОН ҲЕҶ ГОҲ БА ҚАДРИ ВАТАНУ МИЛЛАТИ ХЕШ НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Мардуми тоҷик аз он миллатҳое ба ҳисоб меравад, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он лозим ояд ҷони худро низ дареғ намедоранд. Зеро Ватан ҷоест, ки мо дар он ҷо ба дунё омадаву ба камол расидаем. Ватан ҷоест, ки  чун модар моро дар оғӯши  худ парваришу навозиш мекунад.

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

ВАХШ. Бо мақсади пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус дар маркази ноҳияи Вахш Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед»-ро баргузор намуданд.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон  бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии суд

РАСОНИДАНИ МУҲТАВОИ ПАЁМ БА СОКИНОН ВАЗИФАИ МОСТ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинон ҳамарӯза аз тарафи гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида шуда истодааст.

ИРОДАИ ҚАВӢ КОМЁБГАРИ ИНСОН АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо ҳамаи мову Шумо шоҳиди рафтору кирдори баъзан афроде аз ҷомеа мегардем, ки  дар пешрафти ҳаёти худ ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.  Яке аз ин падидаҳо нодруст муносибати шаҳрвандон-махсусан ҷавонписарону ҷавонмардон бо атрофиён бо суханони қабеҳу дағал аст, ки  зебогии маҳал ва  ҷомеаи шаҳрвандиро  коста мегардонанд. Дар сурате, ки мо мардуми тоҷик аз азал суханвару хушрафтор будем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg