БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ

АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.

Санаи 21 декабри соли 2021 баъди тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи мардум эҳсоси тантанаву шодмонӣ ҳувайдо гашта, ҳамдигарро табрику шодбош мегуфтанд.

Воқеан, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Дар Паём қайд гардидааст, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул намоем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатамро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем.

Роҳбари давлат рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар 30-соли соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дода, ҳадафҳои стратегии давлату ҳукуматро барои солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро барномаи рушди кишвар номидан мумкин аст.

Дар Паём оид ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини Истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Яке аз бахшҳои муҳими Паёми имсола ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнатӣ кормандон, нафақа ва стипендияҳо буд.

Инчунин, аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият, маориф, фарҳанг, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён 20%, нафақаи ятимони кул ва нимятимон ба андозаи 25% аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи сину сол зиёд гардид.

Дар ҷараёни ироаи Паём Пешвои миллат вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, қайд намуданд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад».

Дар умум бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, аз ҷониби мардуми кишвар, аз ҷумла мо ҳизбиён хуб пазируфта шуда, ҷиҳати ба мардум расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои он саъю талош менамоем.

Далер Собиров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg