БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ПАЁМ БО СОКИНОН

МУЪМИНОБОД. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки зиёда аз 180 нафар фаъолону сокинон  вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти мамлакат вохӯрии судманд доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия Зарифов Абдураҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло, раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён зимни баромад аз нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат сокинони мамлакатро зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқиро ба роҳ монанд, то дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад.

Ҳамчунин, иброз карда шуд, ки вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар баҳри  тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg