БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, зимни ироаи он дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми бошарафи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Мисли ҳарвақта масъалаи зан-модар мавриди таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор гирифт. Дар ин маврид Роҳбари давлат иброз доштанд, ки соҳае нест, ки нақши занон дар он мушоҳида нашавад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо худ шоҳиди онем, ки занон дар тамоми соҳаи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, дар пешбурди ҳаёти иҷтимоии мамлакатамон саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла саҳми занон дар рушди маориф, илм ва тандурустии кишвар хело баръало мушоҳида мешавад, ки ин аз ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба занон гувоҳӣ медиҳад.

Тавре аз суханрониҳои Пешвои миллат бармеояд, аз тарафи мақоми дахлдори соҳа як қатор қарору фармонҳо қабул ва ба имзо расидаанд, ки дар баланд бардоштан ва таҳким бахшидани мақоми зан дар ҷомеа ва баробарҳуқуқии онҳо мусоидат кардаанд. Мақсад аз қабули чунин санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Сарвари давлат ба саҳми арзандаи занон дар соҳаи гуногуни ҳаёт, аз ҷумла соҳаи нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ ишораҳо карданд.

Зан-модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замину само ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар лаҳзаи зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад. Зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки ба мо зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон бори дигар таъкид кардаанд, ки зан- модар пайваста мавриди эҳтироми бузургон қарор гирифтааст ва ҳамаи бузургон аз домони поки модар ба дунё омадаанд, ҳатто паёмбари Ислом. Ҳамчунин бо ишора ба сурае бо номи Нисо дар Қуръони карим ёдовар шуданд, ки аз мақому мартабаи бузурги зан-модар дар Ислом шаҳодат медиҳад.

Назурова Суман, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg