БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВАЗИФАИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон,  муовини якуми раиси ноҳия Ибодуллозода Асадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов, раиси ҷамоати  шаҳраки 20-солаии Истиқлолияти давлатӣ  Раҷаббек Абдуллоев ва якчанд раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати мазкур ҳашари шинонидани картошка доир гардид.  

Дар рафти ҳашар бо қувваи саҳмдорони хоҷагиҳо дар майдони зиёда аз 2 гектар замин картошка  шинонида шуд. Инчунин,  дар ин самт ҷӯйборҳои дохил ва атрофи хоҷагиҳо коркард ва тоза карда шуда,  маҳз ташкили чунин ҳашари картошкашинонӣ иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ"  Раҷаббек Абдуллоев буда, дар татбиқи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ноҳияи Дӯстӣ пешсаф мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg