БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ БУЗУРГИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

АНДЕША. Гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳон, имрўзҳо амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Муссалам аст, ки чанд рӯзи охир бархурд ва нофаҳмоиҳое дар минтақаи кӯҳии Бадахшон ба амал омада, гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз ин истифода намуда, ҷавонони дохил ва хориҷи кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумоти бардурӯғ гумроҳ месозанд. Мехоҳанд сокинони Бадахшон ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистонро ба гирдиҳамоиҳо, задухӯрдҳои мусаллаҳона бароварда, боз ба ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баргардонанд.

Бинобар ин, дар шароити пешомада, сокинони Бадахшонро зарур аст ҳаводиси ба амаломадаро бо чашми хирад ва аз ҷиҳати қонунӣ таҳлил намоянд, на бо хабару дассисаҳои бардурӯғу сохтаи ифротгароён.

Роҳи дурустии мубориза бо ин хатар танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани як набарди умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари озоде, ки имрӯз мо дорем ва имкониятҳои беназире, ки барои мо ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, ин ҳама аз шарофату дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сокинони минтақаи Бадахшон, умуман шаҳрвандонро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, худ ва наздиконро аз хатари чунин гурўҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта тавонанд. Дар замони кунунӣ ҳар як шаҳрванд бояд дақиқан донад, ки ин зуҳурот ба ватану миллати мо, ба фарҳангу оини мо, ба зиндагии осоиштаи мо, ба модару хохар ва зану фарзанди мо, ба хонаву молу мулки мо хулоса ба тамоми манфиати шахсӣ ва ҷамъиятӣ чӣ қадар хатарҳои зиёде хоҳад расонд.

Хушбахтона, дар кишвари мо имрӯзҳо барои пешгирии шомил гаштани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад ва дар баробари ин моро зарур аст барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ - ҳуқуқии сокинон бояд пеш аз ҳама таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин восила ақидаҳои тундгарою ифротиро дар ҳамбастагӣ пешгирӣ намоем. Ҳамчунин аз як гиребон сар бароварда, зери сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар арзишҳои миллӣ ба монанди Истиқлоли давлатӣ ва амнияту осоишро дар кишварамон чун гавҳараки чашм  ҳифз намуда, нагузорем ҳеҷ як нохалафе амнияту осоиши кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони азизро халалдор созад.

Раҳмиддин Сайфулоев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg