ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Дар мулоқот мавсуф дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, рӯз то рӯз беҳтар гардидани шароити таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи дурусти насли наврас, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон дар тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд.