БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

28 Январ 2022

ҚОНУНШИКАНО, ПЕШАИ ХУД РОҲИ ДИГАР КУН!

ВОКУНИШ. Дар ҳар давру замон инсонҳое пайдо мешаванд, ки баҳри манфиати шахсии худ ба ҳама кирдорҳои зишту ғайриинсонӣ даст мезананд. Барои чунин инсонҳои пастфитрат ҳеҷ як муқаддасот, Ватан - Модар, номус, осоиштагии сокинон, аҳмияте надорад.

ТОҶИКОН -ХОСТОРИ СУЛҲУ СУБОТ

ВОКУНИШ. Дар масири таърихи башарият ва гузаштаи чандин асраи онҳо  ҳамагуна моҷарову нофаҳмӣ, муташаниҷии вазъи сиёсӣ ва нобасомониҳо танҳо бо роҳи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ  ҳалли худро   хоҳанд ёфт.

МО - ТОҶИКОН БАРОИ МАРЗУ БУМИ ИН ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ

ВОКУНИШ. Воқеаҳои рӯзҳои охири сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо айби мансабдорони давлати ҳамсояи Қирғизистон боиси марги инсонҳо гардид гуноҳи нобахшиданист.

ЗАМИНИ МО - ПОРАИ ҶОНИ МО!

ВОКУНИШ. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар»  рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАР БА АҲЛИ ҶОМЕАИ БАШАР

ВОКУНИШ. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

САДА - ҶАШНИ БУЗУРГИ СУННАТИИ МО ТОҶИКОН

АНДЕША. Тибқи ривоятҳои таърихӣ Сада яке аз ҷашнҳои бузурги мардуми ориётабор ба шумор рафта, аз Фариддуншоҳ ба мо мерос мондааст. Сада панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз қабл аз ҷашнгирии Наврӯз аниқтараш дар даҳаи Баҳман, ки ба охири моҳи январи мелодӣ рост меояд фарорасида, мардуми ориётаборонро ҳамчун ҷашни суннатӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса шурӯъ аз замони Каёнӣ дар даврони Ашкониёну Сосониён ва Сомониён истиқбол менамуданд.

МАШВАРАТИ СУДМАНД БО ВОЛИДОН

ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин бо волидон ва сокинони деҳаи Телмани ҷамоати деҳоти Истиқлол дар масчиди ҷомеи деҳаи номбурда суҳбату вохӯрӣ ҷиҳати сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баргузор намуд.

ПАЁМ – ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ХУРОСОН. Дирӯз  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор  ва кормандони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Коммуналӣ” дар назди  Парчами давлатӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

ТАТБИҚИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ МО ФАЪОЛОН АСТ

АНДЕША.  Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии  кишвар дар воқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ, сиёсати  дохилию хориҷӣ ва амниятии  кишвар мебошад.

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ВАРЗИШ ВА ОММАВИГАРДОНИИ ОН

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД

АНДЕША. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21.12.2021 соҳаи маориф як соҳаи афзалиятноку муҳимтарин барои  рушди ҳамаҷонибаи кишвар арзёбӣ гардида,  Пешвои миллат оғози бунёди миллатро аз маориф шуморида, иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

АКСИЯИ ТАҚСИМИ НИҚОБ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

КӮШОНИЁН. Мудирони шуъбаҳои таблиғот ва кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус ”CОVID-19” чорабиниҳои таблиғотиро вусъат бахшида, бо ин мақсад дар деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксияи ниқобтақсимкуниро бо усули “хона ба хона” ташкил намудан

ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР КАРДА ШУД

КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрӣ баргузор карданд.

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 21 декабри соли 2021 доир гардид.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ МИЁНИ СОКИНОН

ДӮСТӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроия  дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор, суҳбату вохӯриҳо байни сокинони маҳаллаву деҳот вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.

ПАЁМ БОРИ ДИГАР БА МО - ҶАВОНОН ИМКОНИЯТҲОРО ФАРОҲАМ ОВАРД

ДАНҒАРА. Тибқи  дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ин навбат мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Раҷабализода Хокималӣ  дар МТМУ №75, бо хонандагони сифҳои болоӣ доир ба мафҳум ва моҳияти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба экстремизм ва терроризм, дар бораи моҳияти пайдоиши “терроризм” маълумот дода, қайд намуд,

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БА ХОТИРИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ КОРОНАВИРУС

ДАНҒАРА. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ва саҳм гузоштан дар пешгирӣ, интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СОVID -19),  мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Раҷабализода Ҳокималӣ дар якҷоягӣ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо ни хонандагони муассисаҳои таълимӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

МЕХАНИЗМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ БАРОИ АМАЛӢ ГАРДИДАНИ ҲАДАФҲО МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Дар ҳаёти рӯзмарра ҳар як шахс барои пеш бурдани зиндагӣ бо шуғле ва ё коре машғул аст. Ҳар яки мо дар ҷое корхона, идора, заводу фабрикаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои хориҷӣ, бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳо кору фаъолият менамоем. Агар шахс дар ҷое кору фаъолият кунад, ки он ҷо мувофиқи табъу завқи худаш асту аз касби интихобкардааш розӣ аст, сидқан кор мекунад ва ба натиҷаҳои назаррасе ноил мегардад.

ПАЁМ - ИФОДАГАРИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи №1” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg