ДӮСТӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор, суҳбату вохӯриҳо байни сокинони маҳаллаву деҳот вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.
Ҳамин гуна вохӯрӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоиров С, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва намояндаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Давлатов Қ, иштирок карда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин ва саноатикунонии мамлакат суханронӣ намуданд.Инчунин, қайд гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.