БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР КАРДА ШУД

КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрӣ баргузор карданд. Ба ҳозирин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуда, ҳамзамон вобаста ба масъалаи мубрами рӯз, аз қабили эмгузаронӣ аз бемории сироятии коронавирус “COVID-19”, ҷоннок намудани кори таълиму тарбия, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аъзошавӣ ба сафи ҳизб таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи ҲХДТ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg