БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 21 декабри соли 2021 доир гардид.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои  рушди  устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дар бар мегирад.

Дар меҳвари Паём масъалаҳои асосии зиндагии сазовор барои шаҳрвандони  кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба ҳар як  фарди ҷомеа  қарор гирифтааст. Дар асл Паём -  пайғомест барои ояндаи дурахшон. Паём ҳамчун дастурамали макаммал ва мушаххаси фаъолияти ҳар як сохтору идора, бахшҳои давлативу хусуси дар умум барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат инъикос гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан  ҷавононро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон такрор ба такрор оид ба талаботҳои асри навин нисбат ба дониш, малака ва маҳорат хушдор намуда, пайваста таъкид менамояд. Паём бори дигар имкониятҳое, ки ба  ҷавонон фароҳам гардидааст, ба пуррагӣ инъикос гардид. Акнун ҷавонони тоҷик медонад ва эҳсос менамояд, ки он қобилиятеро ҷавонони давлатҳои пешрафта дар ихтиёр доранд. Ҳамин тавр, Паём бори дигар дидгоҳи  мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуррагӣ инъикос менамояд.

Ҷавҳари Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи самтҳоро ташкил медиҳад, ки пешрафти ҷомеа, дастовардҳои истеҳсолӣ низ ба самтҳо нигаронида шудааст.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷом  ҳамбаста ба созандагиву  бунёдкорист ва нахуст ҳадафаш тавсифи фаъолияти солонаи  аҳли кишвар ва тавзеҳи ҳадафҳои минбаъда  мебошад. Аз ин рӯ, Паёмро метавон ба машъали роҳнамои ҷодаҳои фардои мамлакат мушобеҳ донист.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитгари  марҳила ба марҳила ба комёбиҳои бузург  мушарраф гардидани аҳли мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти муҳтарамон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, эҳсоси  ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як  фарди ҷомеа, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Паём ба мо шаҳрвандон илҳом мебахшад, зеро он ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ моро вазифадор менамояд, ки камари ҳиматро маҳкамтар баста, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии хешро оқилонаю пурсамар истифода барем.

Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯи зеҳнию ҷисмонии худро баҳри ободию шукуфоии диёри хеш сарф намоем.

Махсусан, дар давраи аз Паёми соли гузашта то ин дам қариб дар ҳамаи  ҷабҳаҳои хоҷагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ободонии Тоҷикистони азизамон як қатор корҳои пурсамар  ба ҷо оварда шуд.

Дар анҷоми Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи ободу хушрӯзӣ, иқболи нек,  саломатию сарбаландӣ орзу намуда,  таманнои онро кард, ки дар Ҷумҳурӣ ваҳдати  миллӣ, сулҳу суботи Ватан абадӣ,  муҳаббату саодати фарзандонаш ба ояндаи ободу осудаи Ватани аҷдодиашон самимӣ бошад, ки ин сарзамини биҳиштосо дар паноҳи Худованди муттаол ҳамеша пойдор монад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg