ДАНҒАРА. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ин навбат мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Раҷабализода Хокималӣ дар МТМУ №75, бо хонандагони сифҳои болоӣ доир ба мафҳум ва моҳияти Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба экстремизм ва терроризм, дар бораи моҳияти пайдоиши “терроризм” маълумот дода, қайд намуд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризм ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Таҷрибаҳо собит намудааст, ки аксари ифротиён ва аъзои гурӯҳҳои тундравро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки дар оила, ҷомеа ва мактаб дониши муккамал нагирифта, зери таъсири ақидаҳои ғаразнок амалҳои ваҳшатангези худро анҷом медиҳанд.
Ҷавононро мебояд дар муқобили ин зуҳуроти манфӣ бо ақлу заковат ва дониши баланди маънавию сиёсӣ мубориза бурда, дар роҳи таҳкими сулҳу истиқлолияти кишвар саҳмгузор ва баҳри пойдории истиқлолият ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.