Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи №1” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои Паём, зарурати рушди саноати кишвар, аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурдан ҳамчун саҳмгузорӣ дар рушди амнияти озуқаворӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.