БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД

АНДЕША. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21.12.2021 соҳаи маориф як соҳаи афзалиятноку муҳимтарин барои  рушди ҳамаҷонибаи кишвар арзёбӣ гардида,  Пешвои миллат оғози бунёди миллатро аз маориф шуморида, иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Бо ин мақсад Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ супориш доданд, ки дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Инчунин, Пешвои миллат зарур донистанд, ки  бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Воқеан ҳам маориф як пояи асосии ҳастии миллату давлат ба шумор рафта, устувории ин поя устувории миллату давлат аст. Пас мо ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии ободи Тоҷикситонро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои маҳбуби миллатро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз касбу кори гуногун ҳамчун саҳмгузорони устуворсозии пояи асосии миллат, яъне маориф  талоши ҳамаҷониба намоем. Дар рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна бо омӯзгорон ҳамкорӣ намуда, саҳми назаррас гузорем. Инчунин, моро зарур аст, ки насли ҷадидро ба омӯзиши илм, китобхонӣ ва забономӯзӣ ҷалб намуда, ба ин восита ба ҳадафи худ, яъне беҳтарсозии сифати таълим ва рушди соҳаи маориф бирасем!

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg