БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕХАНИЗМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ БАРОИ АМАЛӢ ГАРДИДАНИ ҲАДАФҲО МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Дар ҳаёти рӯзмарра ҳар як шахс барои пеш бурдани зиндагӣ бо шуғле ва ё коре машғул аст. Ҳар яки мо дар ҷое корхона, идора, заводу фабрикаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои хориҷӣ, бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳо кору фаъолият менамоем. Агар шахс дар ҷое кору фаъолият кунад, ки он ҷо мувофиқи табъу завқи худаш асту аз касби интихобкардааш розӣ аст, сидқан кор мекунад ва ба натиҷаҳои назаррасе ноил мегардад.

Ҳангоми ноил гардидан ба натиҷаҳо, комёбиҳои меҳнатӣ,  кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои меҳнатӣ шахс ҳатман ҳавасманд гардонида мешавад. Механизми ҳавасмандгардонӣ бошад барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои шахсӣ ва ё ҳадафҳои корхона мусоидат менамояд.

 Аз натиҷаи фаъолияти кории худ агарчанде, ки зиёд ҳам набошад, ба чунин хулоса омадам, ки агар шахс дар куҷое, ки набошад бо ҷону дил ва сидқан фаъолият намояд ҳатман кору заҳмати ӯ рӯзе қадрдонӣ карда мешавад. Шояд дар аввал ҳеҷ кас ба кори шумо таваҷҷуҳе нанамояд, шояд заҳмати шумо бо кадом як иштибоҳе қадр нагардад. Аммо дар ин вазъият ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набояд шуд, гуноҳро ба сари дигарон бор накарда, хатогиро аз худ бояд ҷӯст. Шояд ин далели он аст, ки ҳоло моро зарур аст, ки  боз ҳам бештар фаъолият намоем. Агар сидқану содиқона бо заҳмати ҳалолу поквиҷдонона ва бенуқсон кору фаъолияти худро идома диҳем, танбаливу дурӯғу бухлу кинаро аз худ дур намоем, натиҷаи ин ҳама заҳмату меҳнатҳо бошад рӯзе ҳатман қадр мегардад. 

Мисол, дар маҷлиси ҷамъбасти соланаи КИВ кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ва Сафархони Муҳаббат барои меҳнати софдилонаву содиқона бо Сипоснома ва Дипломи дараҷаи 1 қадрдонӣ гардида, пешсафон бошанд ба мавзеи сайёҳии “Сафед Дара” роҳхат гирифтанд. Ин ҳам бошад натиҷаи меҳнату заҳматҳои эшон ва дастгириҳои раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Миралиён Қиёмидин мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки механизми ҳавасмандгардонӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳар семоҳа онҳое, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ содиқона меҳнат менамоянд, ҳавасманд гардонида мешаванд, ки ин  ба мо кормандон имконият медиҳад вазифаҳои бар дӯшдоштаи хешро боз ҳам хубтару беҳтар иҷро намоем.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg