ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Зимни гардиш ба сокинон варақа – таъкидҳо тақсим намуда, бо онҳо оид ба масъалаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суҳбат карданд. Ҳимзамон, аз тарафи кормандони Маркази саломатии ноҳия сокинон эм карда шуданд.