БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ВАРЗИШ ВА ОММАВИГАРДОНИИ ОН

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Аббос Саидмӯминзода оид ба Паём суханронӣ намуда, қайд кард, ки солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 1000 иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне, шумораи иншоотҳои варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 9 баробар зиёд гпрдидааст – иброз доштанд, Пешвои миллат.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев зимни суханронӣ қайд кард, ки ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои иҷтисодию иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд дошта, дар ҷомеа нақши муассир доранд. Онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошанд – иброз доштанд дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg