БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИФАИ МО ФАЪОЛОН АСТ

АНДЕША.  Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии  кишвар дар воқеъ фарогири ҳамаҷонибаи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ, сиёсати  дохилию хориҷӣ ва амниятии  кишвар мебошад. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат қайд намуданд, ки рушди соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳам чунин самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.Тайи 30-соли  соҳибистиқлолӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарбахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ  гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Мо табибон кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии мамлакат  аз тариқи телевизион тамошо карда, аз нашрияҳо мутолиа кардаем ва он дастуру супоришҳое, ки  оид ба ҳифзи солимии  сокинон дода шуданд, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон иҷро карда истодаем. Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия (КАТС) иборат аз  маркази саломатӣ, 1 маркази  тибби оилавии шаҳрак, 20 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи  тиббӣ  иборат аст. Дар хизмати сокинони ноҳия оид ба ҳифзи солимӣ 83 нафар табибон, 468 коргари миёнаи тиб фаро гирифта шуданд.

Маҳз бо дастгирию роҳнамоии Пешвои миллат ҳоло дар мамлакат 4700  муассисаи  тиббӣ, ки 78800 корманд доранд, баҳри солимии шаҳрвандон  фаъолият карда истодаанд. Танҳо дар се соли охир,  яъне солҳои 2019-2021 дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии  истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи  сарчашмаҳои  маблағгузорӣ  1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

Мо табибони кумаки аввалияти тиббӣ то имрӯз 85 фоизи  аҳолиро бар  зидди бемории  сироятии  коронавирус эм гузаронидем ва ният дорем, ки дар муҳлатҳои  наздиктарин эмгузарониро ба итмом расонидем, зеро ягона роҳи  муассири  эмин  мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ  мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон мақоми бонувону  занон диққати ҷиддӣ дода, нақши онҳоро  дар ҷомеаи демократӣ дунявӣ  хеле бузург номид.

Тибқи маълумоти  оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро  ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар  соҳае  нест, ки занону бонувон кору фаъолият накунанд.

Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони  соҳаи тандурустӣ, беш аз 73  фоизи  кормандони соҳаи маориф, 27 фоиз  кормандони соҳаи илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи  кишоварзӣ  фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Пешвои миллат  дар Паём иброз доштанд, ки воқеан зан-модар  мавҷуди  муқаддас мебошад  ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон  ва бузургони олам, аз ҷумла  Пайғамбари  ислом аз домони поки  модар  ба дунё  омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шуданд.

Маҳз  бо дастгирии  Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   квотаи  президентӣ  барои духтарон  аз  ноҳияҳои  дурдаст  таъсис  ёфт, ки дар замони соҳибистиқлоли 11500 нафар  духтарон муассисаҳои  таҳсилоти  олии  кишварро хатм  намуданд. Дар ин  давра  222   ҳазор нафар  духтарон   муассисаҳои олии касбиро хатм намуда, ҳоло 100  ҳазор  нафар  духтарон  дар ин муассисаҳо таҳсил  карда истоданд.

Боиси ифтихори мо занону бонувон аст, ки аз 42  ҳазор  донишҷуёне, ки дар  муассисаҳои олии касбии  хориҷа  таҳсил доранд, зиёда аз 8000  нафаронаш  духтарон мебошанд. Тарбияи фарзанди солим, бо маърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту  ватанпараст ва бонангу номус вазифаи муҳим  ва муқаддаси  модарон мебошад. Модар нахустин мураббии  фарзанд буда, фарзандонро  дар  мактаби оила ба камол мерасонад.

Аз ин лиҳоз, оила  макони  тарбияи  камолоти  маънавию ҷисмонии  фарзандон  аст ва ҳар як модар  бояд дар тарбияи фарзанди худ  нақш ва масъулияти ҳалкунанда дошта бошад. Фарзанди таълимгирифтаву  тарбиятдида пеш аз ҳама падару  модари худро  эҳтиром мекунад, ба  қадри Ватани азиз, забони  модарӣ ва  фарҳанги  миллати худ, ба қадри калонсолон  ва меҳнати  ҳалол мерасад.

Мо фаъолон вазифадорем, ки он дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон дар назди мо гузоштанд, камари ҳиммат баста, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Акобирова Гулшан, вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg