БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати ободу зебо гардонидании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо ҷалби кормандони фаъоли ташкилоту корхонаҳо дар кӯчаи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.

Дар ин ҳашар, дар қатори кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшу шуъбаҳои МИҲД-и шаҳр, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант низ фаъолона иштирок намуда, дар якҷоягӣ беш аз 150 бех дарахти ороишии арча шинониданд. Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, Ш.Аббосов дар ҳолати пурра сабзидани ин ниҳолони шинонидашуда кӯчаи Рӯдакӣ дар оянда симои зоҳирии хуб хоҳад гирифт. Инчунин, ӯ афзуд, ки ин ҳашари ниҳолшинонӣ оғози кор буда, дар мавсими ниҳолшинонии соли ҷорӣ тибқи нақшаи кабудизоркунӣ, дигар кӯчаҳои шаҳрро сарсабз хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg