БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ВАКИЛОН ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Дар кори Конференсия узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Кабирзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант  Олимзода Низора, вакилони интихобшуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раиси комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант ва дигар нафарон иштирок намуданд.

Олимзода Низора раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба сухан баромада, қайд намуд, ки Конференсияи мазкур аз пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар ҳавзаи интихоботии №6 бар ивази вакилони хориҷшуда ва пешбарӣ намудани номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии №11 бар ивази вакилони хориҷшуда иборат мебошад.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон хуб пазируфта шуда, бо ҳамовозии вакилон вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба кори худ хотима бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg