БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДОРОИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ МЕБОШАНД

ПАНҶ.  Тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №10-и деҳаи 16-солагии Истиқлолият ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдин ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат бо ифтихор таъкид карданд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд” дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби аср” суханронӣ  намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, ки баъзе аз онҳо аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, андешаҳояшро баён дошта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки набояд онҳо ба ҳар гуна суханони бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ бовар накарда, аз паи илму дониш ва ҳунаромӯзии хеш гарданд, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg