БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА БЕҲТАР ШУДАНИИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ЗАМИНА МЕГУЗОРАД

НОРАК. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  Хайруллозода Баҳодур ва мудири шуъбаи молия-сармуҳосиб  Сатторов Ҳасан  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад  намуда, иброз дошт, ки  соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт.  Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад. Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000  нафар  табиб  ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии Истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg