БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

АНДЕША. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзо созмон ёфта, аз тарафи Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

Мутобиқи банди 4.5 – и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои ваколатҳои муайян буда, ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ роҳбарӣ мекунад.

Уҳдадориҳое, ки барои фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба зиммаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ гузошта шудаанд, аз ӯ масъулият, сатҳи дониш ва малакаи корбарӣ дар самти коргузориро талаб менамояд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ” фаъолияти худро дар асоси Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зери таҳияи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин нашр гардидааст, ба роҳ монда, онро чун дастурамали корӣ истифода мебарад.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия раисаш корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии шоиста ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Бахтиёр мебошад, беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шумор меравад.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ташкилоти ибтидоиро мунтазам гузаронида, дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти ҳизбиро ҳаллу фасл менамояд. Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъолияти ҳуқуқии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асос мебошанд, мавҷуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия дорои утоқи корӣ буда, ба лавҳаҳои ҳизбӣ, лавҳаи роҳбарияти  ҲХДТ, парчами ҳизб, нишон, дастурамалҳо ва воситаҳои айёнӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Саъдуллозода Бахтиёр ҳисоботи омориро ҳар моҳ сари вақт ба бахши омори Кумитаи иҷроияи ноҳия месупорад.

Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Чунки солимии ҷавонон солимии миллат аст. Яке аз роҳҳои беҳтарини саломатӣ ин тағйир додани муносибати одамон ба тарзи зиндагӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад. Ба варзиш ва обу тоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳо вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад.

Дар ин ҷода мактаби варзишии ноҳия таҳти роҳбарии директори он Саъдуллозода Бахтиёр корҳои назаррасеро ба сомон расониданд. Дар мактаби варзишӣ дар намудҳои Дзю-до, гӯштингирӣ, футбол, волейбол, гандбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, шашка, шоҳмот, Таеквондо – ВТФ ва варзиши сабук 794 нафар писар ва 165 нафар духтар, ҷамъ 959 нафар барои варзиш дар 66 гурӯҳ фаро гирифта шудаанд. Дар ин гурӯҳҳо 32 нафар мураббиёни варзида барои тамрин додан машғуланд. Байни дастпарварони мактаб 105 маротиба мусобиқаи дохилимактабӣ гузаронида шудааст.

Варзишгарони мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқаҳои минтақаи Кӯлоб аз намудҳои гӯштини Дзю-до, шоҳмот, гандбол, шашка, чавгонбозӣ, гуштини миллӣ ширкат варзида, ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд: медали тилло 86 адад, нуқра 31 адад, биринҷи 28 адад, ҷамъ 145 адад.

Ба ҳайати дастаи Хатлон-2 бо шумораи 100 писар, 73 духтар шомил шуда дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба чунин дастовардҳо муваффақ шуданд: медали тилло 35 адад, нуқра 39 адад ва биринҷӣ 26 адад, ҷамъ 100 адад.

Омӯзгорон ва мураббиёни Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия дар ҷамъбасти фаъолияти мактабҳои варзишии вилояти Хатлон натиҷаи назаррасро соҳиб гардида, соҳиби ҷойи аввал ва мукофоти таъсиснамудаи Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон “Муассисаи беҳтарини варзишӣ” гардиданд. Мукофотро дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба директори мактаби варзишии ноҳия Саъдуллозода Бахтиёр супурда ба аҳли омӯзгорону мураббиёни мактаби варзишӣ дар соли нави 2022 муваффақиятҳои нав таманно намуд.

Албатта, ҳамаи бурду бохти ташкилоту муассиса ба роҳбари он вобастагӣ дорад. Саҳми директори мактаби варзишӣ Саъдуллозода Бахтиёр дар ба даст овардани муваффақиятҳои дар боло зикршуда назаррас аст.

Гадоӣ Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алиии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg