БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

13 Июл 2021

НАТИҶАГИРӢ АЗ ШАШ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

9 июли соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмохаи соли 2021 баргузор гардид.

КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

А.ҶОМӢ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва  захира намудани озуқаворӣ  барои тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ  бо  иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдураҳим Амонзода раиси ҷамоати шаҳраки абдураҳмони Ҷомӣ  дар кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Абдур

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

А.ҶОМӢ.   Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Лоҳутӣ”  маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  бо  иштироки  Муҳаммаддовуд  Ҳалимзода  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Амонзода Абдураҳим раиси ташкилоти ибтидоии “Шаҳрак” Хоҷаев Абдураҳмон раиси ташкилоти ибтидоии “Коммуналчиён”  ва   раиси  ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” баргузор гардид.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва матбуоти  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳусейн Мӯсоев   ва  Меҳроҷиддин Мерганов мудири  шуъбаи   омори Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар   ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  “Пахтакор-1” ва “Пахтакор-2”-и Ҷамоати деҳоти 50- солагии Тоҷикистон  маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор

НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛ

А.ҶОМӢ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  таҳти  раёсати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо ҳузури аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардида, натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи тақсимоти муроҷиатнома оид ба пешгирии ба профилактикаи вируси COVID-19 ба роҳ монда шуд.

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

ҶАЙҲУН. Санаи 10-уми июли соли равон дар асоси Нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  фаъолони деҳаи  Б.Раҳимзодаи  Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” аксияи ободони зери унвони  “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи тақсимоти муроҷиатнома оид ба пешгирии ба профилактикаи вируси COVID-19 ба роҳ монда шуд.

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШ!

ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

АЙ ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТАМ, ҚАСРИ МИЛЛАТ -- ТОҶУ ТАХТАМ

АНДЕША. Бо дидани пешравиҳо ва дастовардҳои Ватани азизамон –Тоҷикистон ҳар як фардро фараҳу шодӣ иҳота месозад. Албатта мо мардуми тоҷик аз он сарбаландем, ки имрӯз соҳибватанем ва пайваста барои рушд ёфтани Ватани маҳбубамон қадамҳои устувор гузошта истодаем.

ҲХДТ-ҲИЗБИ БУНЁДГАРИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шакардашт” Аксияи тарғиботӣ- амалӣ таҳти унвони  “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардид.

ҲАДАФ: ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ПАНҶ. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни маҳаллаи “С.Айнӣ” ва маҳаллаи “М.Ҳасан” бозии футбол баргузор гардид.

ҲИЗБИЁН ШАШМОҲАИ АВВАЛРО БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ПАНҶ.  Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Пуштароғ» ва «Сурхоб»  бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳмот-1” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид. Дар чорабинии ҳизбӣ якчанд синфхонаҳои муассиса аз таъмир бароварда шуда, дар таъмири муассиса мардуми маҳал низ ба ҳалли проблемаи мактаб кумак расониданд.

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зафар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, якчанд синфхонаҳои муассисаро аз таъмир бароварданд.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ҚАНОАТБАХШ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лолазор » ва «Ҳамдилон»  бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлис гузаронида шуд.

МАСОФАИ ИҶТИМОИРО РИОЯ НАМОЕД

БОХТАР. Бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхонаи вилоят" дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар Аксияи тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ташкил ва гузаронида шуд.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Салтанат” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ташкилоти  ибтидоӣ ҳисобот дода, бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ АСОСИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

АНДЕША. Баъди гузаронидани чораву тадбирҳои зиддиэпидемикӣ авҷи бемории коронавирус коҳиш ёфтааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ таъмини сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ, сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ хубтару беҳтар гардидааст.

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз бемории КОВИД-19 дар ҳама кишварҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст ва ягон ҷомеа ва давлате нест, ки аз хатари он эмин монда бошад. Барои пешгирӣ ва барҳам задани ин беморӣ кӯшишҳо ба харҷ  дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg