БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз бемории КОВИД-19 дар ҳама кишварҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст ва ягон ҷомеа ва давлате нест, ки аз хатари он эмин монда бошад. Барои пешгирӣ ва барҳам задани ин беморӣ кӯшишҳо ба харҷ  дода истодаанд. Ин беморӣ, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрӯзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бояд аз ҳама гуна амалҳое, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии мо зараровар аст,  худдорӣ намоем.

Инсон тавассути ақли бузургаш муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад, аз ифлосиву нопокиҳо эмин мегардонад. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаҳову фарзандони солим маҳз ба инсоният вобастагӣ дорад. Тозагии муҳити обу ҳаво, нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд, низ аз худи одамон вобастагӣ дорад. Одамон, бахусус занон асоси тоза нигоҳ доштани маводи рӯзгор, аз қабили хонаву ашёи он, либосу палос, ашёи рӯзгордорӣ, тозагии тифлакону муҳит ҳастанд. Агар дар хонадон зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашё низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд.

Шуста истеъмоли  меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани ашёи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити ӯ вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошад, инсон наметавонад тансиҳат бошад.

Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хоссе дорад. Ҷое, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақиме вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, баёнгари шаъну мақоми сокинонаш мебошад.

Тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба вуҷуд меоянд, дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳаёти зебо амр мекунад. Дар ростои таъкидҳои беҳдоштӣ нисбат ба беҳдошти муҳити зиндагӣ низ таваҷҷуҳи хоссе доштанд.

Хулоса, яке аз омилҳои муҳими эмин мондан аз хатари бемориҳои сироятӣ ва гарави тансиҳатии ҳар як инсон покӣ ва назофату тозагӣ ба шумор меравад, ки дар фарҳанги Ислом бо беҳтарин сифатҳо ёд ва васф шудааст. Бисёр мебояд кӯшид, то муҳит солиму озода ва хонадону фарзандон саломату тандуруст бошанд. Барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти покизаи хеш бошем.

Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки атокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем. Худованд тавфиқи амал кардан ба гуфтаҳои Расули Худо (с)-ро ба мо бидиҳад ва моро аз ҳама офату бемориҳо дар ҳифзу ҳимояташ нигоҳ дорад.

Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg