БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЙ ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТАМ, ҚАСРИ МИЛЛАТ -- ТОҶУ ТАХТАМ

АНДЕША. Бо дидани пешравиҳо ва дастовардҳои Ватани азизамон –Тоҷикистон ҳар як фардро фараҳу шодӣ иҳота месозад. Албатта мо мардуми тоҷик аз он сарбаландем, ки имрӯз соҳибватанем ва пайваста барои рушд ёфтани Ватани маҳбубамон қадамҳои устувор гузошта истодаем.

Хушбахтии мардуми тоҷик пеш аз ҳама дар он аст, ки шахси некқадам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болои сари миллат омад. Ва дар зери сояи сиёсати бохирадаш мардум орому осудаҳолона зиндагонӣ доранд.

Дар баробари ҳамаи ин бояд гуфт, ки ганҷинае дар қалби Осиё, яъне шаҳри Душанбе бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан симои хешро тағйир додааст.

Хусусан, баъд аз таъин гардидани Раиси шаҳри Душанбе яке аз ҷавонони кордону ташаббускор ва дар қалб пур аз меҳри ватандорӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахтамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Азнавсозӣ   ва бо тарзи муосир сохта шудани кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо ва ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ дилхоҳ шахсро мафтуни хеш месозад. Бо маънои том имрӯз шаҳри Душанбе ба калонтарин маркази илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва маъмурии кишвар табдил ёфтааст. Метавон гуфт, ки чунин пешравиҳои пойтахтамон дар даврони 30-соли соҳибистиқлолӣ бештар ба назар мерасад, ки онро монанд ба офтобе дар қалби Осиё гардонидааст.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми наҷибу созанда, яъне ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти азизамон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ такони ҷиддие бахшид. Дар  самти вусаът додани корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва ба ин васила ҳифозат намудани муҳити зист, нигоҳубини гулгашту роҳравҳо, шинонидани дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳои марказу канорҳои он ва беҳтар гардидани сатҳи экологии шаҳр, ки ҳамаи ин метавон кафолати солимии ҷомеаро, хусусан, меҳмонони дохилу хориҷ ва сокинони пойтахтро таъмин созад. Дар робита ба ин, фикр ва ё пешниҳоде дорам агар, ки ҳар як сокини пойтахт дар доираи ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе ниҳоле шинонаду дар зери он номи худро сабт намояд, солҳо мегузарад ва наслҳои минбаъд аз он бохабар хоҳанд шуд, ки бузургонамон дар ободии диёр бо ҳисси баланди ватандорӣ саҳмгузорӣ намудаанд.

Хеле хуб аст, ки пойтахти азизамон тай ин солҳо бо ҷоизаҳои зиёде қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2004 аз ҷониби ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе ҷоизаи “Шаҳри сулҳ” - барои таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ ва такроран соли 2016 аз ҷониби “Бунёди роҳи абрешим” барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд. Инчунин, шаҳри Душанбе аз тарафи созмону нашрияҳои байналмилалӣ ҳамчун шаҳри “Барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин”, “Барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин” ва “Шаҳри амнтарин” дар ҷаҳон эътироф шуда, соли 2017 дар қатори 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё ҳисобида шуд. Ҳамзамон, давоми солҳои 2020 - 2021 Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви СҲИ эълон карда шуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар соли 2021 эълон гардид.

Дигар ин, ки зимни солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе новобаста аз ҷавонтарин пойтахт буданаш бо 20 шаҳр аз давлатҳои гуногуни дунё бародаршаҳр гардидааст.

Чунин дастовардҳои дар ин соли сӣ монанд ба садсолаҳост. Ҳамаи ин боиси ифтохору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳаст.

Бояд иқрор шуд, ки имрӯзҳо кас наметавонад чашми хешро аз тарҳи сохту зебогиҳои Боғи Парчами миллӣ, боғи Нишони миллӣ, боғи Ирам, боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, боғи назди Китобхонаи миллӣ, боғи Қасри миллат, боғҳои ба номи Сомон, Куруши Кабир, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, боғи ба номи Восеъ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, боғи Дӯстӣ, боғи ба номи Алишер Навоӣ, боғи Ғалаба, боғи Кӯдакон ва дигар мавзеҳои фарҳангии он, ки дар чанд соли охир ташкил ёфтаанд, биканад. Ё ин, ки ҳар боре нафаре аз зери пулҳои зебову дилчасп гузар мекунад, хусусан, дар шабонгаҳ бо дидани ҷилову равшании он худро дар шаҳри афсона ва ё шаҳри орзуҳо тасаввур месозад.

Доир ба ин шоир - Саидмӯъмин Фаридун ба маврид қаламдод кардааст, ки:

Ай Душанбе –пойтахтам!

Қасри миллат- тоҷу тахтам.

Биноҳои наву бо шоҳкориҳо сохташудаи Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Бозори Меҳргон, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, маҷмааҳои варзишӣ, Осорхонаи миллӣ ва даҳҳои дигар имрӯз хурду бузурги сокинон ва меҳмонони Душанбешаҳрро шефтаву мафтуни худ месозад.

Дар доираи ҷашни бузурги миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳҳои пойтахт - роҳҳои асосӣ ва дохилии он чӣ гуна таъмир ва асфалтпӯш шуда истодааст, ки рафту омади шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар хубтару беҳтар мегардад.

Воқеан, чунин пешравиҳо ва шароитҳои муҳайёшуда имконият фароҳам овард, ки даҳҳо маротиба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони баландпояи давлатҳои гуногун ташкил ва баргузор карда шаванд.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷавонон санаи 21.05.2021 ба маврид ёдрас шуданд, ки: “...ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе имкони баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам сохт”. Дар ҳақиқат бо сохта шудани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахт метавон чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониро шукуҳмандона доир намоем. Дигар паҳлуи манфиатовар будани чунин сохтмонҳои азиму замонавӣ сайёҳони хориҷиро бештар ба Тоҷикистон ҷалб намуда, ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбии худро хоҳад расонид. Муҳимтар аз ҳама бо зиёд гардидани чунин сохтмонҳои муосир имконият фароҳам хоҳад омад, ки чорабиниҳои гуногун ба монанди бабозиҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва ё дигар намудҳои мусобиқаҳои бузурги сатҳи ҷаҳониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намоем.

Умедворем, ки дар ояндаи наздик бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ тамоми гӯшаву канори мамлакатамон аз ин дида зеботару шукуфонтар мегардад. Дар заминаи ин ҳар яки моро лозим аст, ки дар партави дастурҳои созандаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар ободии ин Ватани аҷдодиамон саҳми худро гузошта бошем.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДИ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg