БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ АВВАЛ

А.ҶОМӢ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  таҳти  раёсати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо ҳузури аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардида, натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва ташкилотиҳои ибтидоии онро дар давоми 6 моҳи сипаригаштаи соли 2021 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.

Сароғоз аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  давоми нимсолаи аввали соли 2021  гузориши Муҳаммаддовуд Ҳалимзодаро шуниданд.Дар назди аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ҳизбӣ, аъзои  Кумитаи  иҷроияи  вилоятию  ноҳиявии ҳизбӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  баромад намуда, вобаста ба паҳлўҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда, андешаҳояшро иброз дошт.  Сипас, мавсуф баҳри  ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои ҷиддӣ дода ҳамагонро аз истиқболи  ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg