
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори Салтанат” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2021 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, бо тарафдории аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.
Сипас, Алиев Зафар намояндаи Кумитаи иҷроия баромад намуда, оид ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби бештари ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои миллӣ ибрози андеша намуд.