БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ҚАНОАТБАХШ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ПАНҶ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лолазор » ва «Ҳамдилон»  бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлис гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Неъмонов С ва Камолов С аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Неъмонов С ва Камолов С раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.

Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо  вобаста ба амалӣ шудани аксияҳои хизбӣ ва сазовор ҷашн гирифтани яке аз санаҳои муҳими таърихӣ- 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg