БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ШАШ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

9 июли соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмохаи соли 2021 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода иштирок доштанд.
Дар зарфи шаш моҳи соли равон ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб корҳои назаррасеро анҷом додаанд.
Ташаббуси нави ҳизбӣ тасмим гирифта шуд, ки дар ҳар як маҳалла Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо Утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот сохта ба истифода дода шавад. Дар доираи ин аксия оғоз аз моҳи майи соли 2020 то инҷониб 39 адад марказҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо Утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот ва дар давраи ҳисоботӣ бошад 19 адад марказҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ сохта шудаанд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 144,31 км роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 78,04 км роҳҳо мумфарш карда шуда шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта як баробар зиёд мебошад.
Бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо 111 муассисаҳои таълимии деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб таъмир карда шуда, сохтмони даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимии деҳот идома доранд.
Дар доираи аксияи умумивилоятӣ зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар шаш моҳи аввали соли 2021 936 оромгоҳҳо бо иштироки беш аз 113628 нафар сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб аз партовҳо ва алафи худрӯй тоза карда шуда, гирду атрофи шумораи муайяни онҳо бо девор симтур гирифта шуданд. Ҳамзамон дар мавзеъҳои муайяншуда ниҳолҳои сояафкан шинонида шуда, деворҳои гирду атрофи қоромгоҳҳо рангу бор карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб беш аз 78759 ҳазор ниҳол шинонида шуда, ба садҳо манзилҳои истиқоматӣ қубури об кашонида шуданд.
Ба ҳолати 1 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ беш аз 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки ба шарофати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аксари кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилояти Хатлон соҳиби биноҳои маъмурии ҳизбии 2-3 ошёнадор гардидаанд.
Сохтмони аксари биноҳои маъмурии ҳизбӣ бо фаъолнокии бевоситаи маъмурияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба роҳ монда шуда, маблағгузории онҳо, асосан аз ҳисоби соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб ба таври ҳашар амалӣ гардид. Ташаббуси дигари ҳизб дастгирии табақаи ниёзманд ва ба ин васила дарёфт ва муаррифӣ намудани истеъдодҳои наврас тариқи ташкил ва баргузор намудани озмунҳо мебошад. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Мо бо шумоем!» аз ҷумлаи онҳост.
25 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем!» ҷамъбаст гардид ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун, дипломи иштирокчӣ ва мукофоти махсуси ҶДММ «Сарманзил» Шукрона Зоҳирова иштирокчӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Ин иштирокчии наврас бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, дар даври ниҳоӣ бо маҳорати баланди суханварӣ ва қироати шеър ҳайати ҳакамонро дар ҳайрат гузошт ва ба гирифтани «Шоҳҷоиза»-и озмун сазовор гардид.
Метавон иброз намуд, ки дар вилоят тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам гардида, фаъолияти идеологӣ бо тавъам ба тадбиқи ҳадафҳои олии стратегии давлатӣ ҳамарӯза рушд ёфта истодааст.
 
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg