БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДОИР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва матбуоти  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳусейн Мӯсоев   ва  Меҳроҷиддин Мерганов мудири  шуъбаи   омори Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар   ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  “Пахтакор-1” ва “Пахтакор-2”-и Ҷамоати деҳоти 50- солагии Тоҷикистон  маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҷлисҳо  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботҳои  давраи ҳисоботии  худро ба таври муфассал  пешниҳод намуда, вобаста ба интихоби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии зикргардида ҳама  аъзои  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  мазкур  шахсони арзандаро Холмаҳмад Назаров аз “пахтакор-1” ва Ҳусния Умарова аз “Пахтакор-2” раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.

Ҳамчунон,    зимни суханрониҳояшон Ҳусейн Мусоев   ва  Меҳроҷиддин Мерганов қайд  карданд, ки  самаранок  истифода  намудани  ҳар як ваҷаб  замини  дар  ихтиёрдошта  ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ  ба  хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg