БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

ҶАЙҲУН. Санаи 10-уми июли соли равон дар асоси Нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  фаъолони деҳаи  Б.Раҳимзодаи  Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” аксияи ободони зери унвони  “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур сокинон, барои таъмиру азнавсозии  хати оби нушокӣ ва полезӣ баромада онро ба маблағи беш аз 8000 сомонӣ таъмир намуданд.  Бояд қайд кард, ки хати обгузари мазкур, ки дар замони пеш аз Истиқлолияти давлати сохта шуда буд то ин давра фарсуда шуда сокинон аз норасогии об хусусан дар давраи кишту кори маҳсулотҳои кишоварзи мушкили мекашиданд.

Сокинони ноҳия сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгтрӣ намуда, барои ободу зебо гардинидани маҳалли худ камари ҳимат бастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg