БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи тақсимоти муроҷиатнома оид ба пешгирии ба профилактикаи вируси COVID-19 ба роҳ монда шуд.

Дар аксия мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима ва намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия Балхиёрова Охирамо иштирок доштанд.

Ҳамзамон,  дар раванди баргузории аксия аз ҷони масъулин бо усули “Хона ба хона” ба сокинон 300 маводҳои иттилоотӣ оид ба  пешгирӣ ва профилактикаи КОВИД-19 тақсимот карда шуда, инчунин оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман заминҳои корам ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg