БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ПАНҶ. Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни маҳаллаи “С.Айнӣ” ва маҳаллаи “М.Ҳасан” бозии футбол баргузор гардид.

Рафти бозӣ ҷолибу шавқовар сурат гирифта, барои роҳ ёфтан ба даври ноҳиявии  бозӣ дастаҳо миёни ҳам рақобати хуб нишон доданд.

Мавриди зикр аст, ки роҳандозии чунин чорабиниҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ дар байни шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи амалии “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” мусоидат хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg