
БОХТАР. Бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Осорхонаи вилоят" дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бохтар Аксияи тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти аксияи мазкур ба сокинон зиёда аз 200 адад варақаҳои таблиғотӣ дастрас гардида, зимни он таъкид гардид, ки имрӯз ҷиҳати ҳимояи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемории коронавирус дар кишвар пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад.