БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ШАШМОҲАИ АВВАЛРО БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ПАНҶ.  Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Пуштароғ» ва «Сурхоб»  бо баррасии ду масъала- интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Мирзоев С ва Хоҷаев Ҷ аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Мирзоев С ва Хоҷаев Ҷ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.

Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо  вобаста ба амалӣ шудани аксияҳои хизбӣ ва сазовор ҷашн гирифтани яке аз санаҳои муҳими миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg